Сулаймон Зиёзода бо ҷараёни сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар ноҳияи Рашт шинос гардид
ДУШАНБЕ, 12.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо ҷараёни сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 68-и ноҳияи Рашт шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Муовини Сарвазири мамлакат изҳор дошт, ки бо роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии доимии Ҳукумати мамлакат, фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар минтақаҳои дурдасту кӯҳистонӣ, яке аз самтҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 дар айни замон аз ду бино иборат мебошад, ки яке аз он бинои кӯҳнаи солҳои пеш, бинобар ҳолати номусоид ва фарсудагӣ аз истифодаи минбаъда берун бароварда шудааст.
Бинои нави муассиса дорои 5 синфхона буда, ҳоло дар он 90 нафар хонанда таҳсил намуда, 9 омӯзгор фаъолият доранд. Бо назардошти афзоиши шумораи хонандагон ва эҳтиёҷоти воқеӣ ба ҷойи нишаст, сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ тибқи лоиҳаҳои тасдиқшуда ва бо риояи талаботи фанниву меъёрҳои муҳандисӣ дар марҳилаи фаъол қарор дорад.
Муовини Сарвазир ҷараёни иҷрои корҳои сохтмониро мавриди таҳлил қарор дода, бо масъулини сохтмон, роҳбарияти муассиса ва мақомоти маҳаллӣ мулоқот анҷом дод.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст






