Таҳти раëсати муовини Сарвазир оид ба пешгирии талафоти неруи барқ ҷаласаи корӣ баргузор гардид

Июнь 19, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 19.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» таҳти раëсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба нишондиҳандаҳои шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир гардид. Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти қудратӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва кормандони соҳаи барқ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа аз ҷониби муовини Сарвазир Усмоналӣ Усмонзода иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 апрели соли 2025 дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд.

«Ҳадафи асосии ворид намудани тағйир ба моддаи 382-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова гардидани моддаи нав — моддаи 2531 оид ба пешгирии дахолати беасос ба таҷҳизоти ҳисоби неруи барқ ва вайронкунии қоидаву меъёрҳои истифодаи қувваи барқ мебошад»,-афзуд муовини Сарвазир.

Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Азимзода зимни гузориш иттилоъ дод, ки «санҷишҳои прокурорӣ дар фаъолияти шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар давраи 5 моҳи соли равон 520 қонунвайронкуниҳо оид ба истифодаи қувваи барқ ошкор намуд. Аз натиҷаи санҷиши онҳо нисбат ба шахсони гунаҳкор 25 парвандаи ҷиноятӣ ва 250 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, зиёда аз 13 миллион сомонӣ маблағи қарзи истифодаи қувва барқ рӯёнида шудааст».

Тибқи иттилои муовинии прокурор, дар маҷмуъ дар давраи сипаригардидаи соли равон бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ нисбат ба шаҳрвандон ва шахсони масъули шабакаҳои барқ, танҳо дар давоми 5 моҳ 130 адад парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, 3,5 ҳазор нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва интизомӣ кашида шуданд.


Ҳамчунин зиёда аз 39 миллион сомонӣ зарари ошкоршуда, аз истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ва тассаруфи молу таҷҳизот ба ҳисоби давлат барқарор карда шуда, бо чораҳои андешидашуда зиёда аз 200 миллион сомонӣ қарзи истифодаи қувваи барқ рӯёнида шуд.

Дар ҷаласа масъалаи истифодаи самараноки истифодаи нерӯи барқ ва пешгирии талафоти он аз ҷониби аҳолӣ ва ташкилоту идораҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Пас аз ҳисоботи масъулини мақомоти назоративу иҷроия, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода оид ба пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзуи мавриди назар, инчунин ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта ибрози андеша намуд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 19, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»