Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — қаҳрамони ваҳдати тоҷикон» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Июнь 18, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 18.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Вахдати миллӣ дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон — қаҳрамони ваҳдати тоҷикон» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»  бо истинод ба  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Зимни ҳамоиш изҳор гардид, ки 28 сол аст, ки сокинони мамлакат  зери роҳбарии одилонаву оқилонаи фарзонафарзанди номбардори миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу ваҳдати комил, зери парчами парафшони Ватан, дар ҳимояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ кору зиндагӣ доранд.

«Сарвари давлати мо аз рӯзи аввали сари қудрат омаданашон барои ба даст овардани сулҳу оромӣ хизматҳои шоиставу беназир карда, садоқат ба миллат ва сулҳофарӣ  аз  сифатҳои асосии ин абармарди арсаи  сиёсат  маҳсуб мешаванд», — иброз доштанд иштирокдорони ҳамоиш.

Таъкид гардид, ки маҳз бо роҳнамоиву ҳидоятҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи тоҷикон бо дарёфти ҳадафи аслии таърихи миллат, яъне ваҳдати миллӣ расид. Дар ниҳоят сулҳу субот, ваҳдати сартосарии миллат ва Истиқлолияти давлатии тоҷикон мафҳумҳои барои ҳар фарди Тоҷикистон азизу арзишманд гардид.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Июнь 18, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид