Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — ҳомии сулҳ ва Ваҳдати миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Июнь 17, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 17.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ — амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — ҳомии сулҳ ва Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд.

Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Даврон Сафарзода иброз намуд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳкими сохторҳои давлатӣ ба густариши худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои маънавии миллат аҳамияти аввалиндараҷа доданд.

«Сиёсати дурбинонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба эҳёи анъанаҳо, забон, таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ равона гардид. Маҳз бо ибтикори Сарвари давлат ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мешаванд, ки ба таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ ва ҳамбастагии умумимиллӣ мусоидат менамояд», — афзуд Даврон Сафарзода.

Иброз гардид, ки таҷрибаи беназири сулҳофаринии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун намунаи нодири ҳаллу фасли буҳрони дохилӣ тавассути гуфтугӯ ва ризоияти миллӣ эътироф шудааст.

Баён гардид, ки 27 июн — Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи муттаҳидии миллат, руҳияи таҳаммул ва эҳтироми тарафайн дар таърихи давлатдории навини тоҷикон сабт гардидааст.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 17, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад