ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 июн, панҷшанбе, 170-умин рӯзи соли 2025 аст
Дар ин рӯзи соли 1962 аввалин Анҷумани зиёиёни Тоҷикистон баргузор гардидааст.
***
23 сол пеш, 19 июни соли 2002 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 5-уми Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид.
***
12 сол қабл, 19 июни соли 2013 дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бинои хизматрасонии «ТОҶ СИТӢ» ифтитоҳ гардид.
***
Соли 2013 вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи «Низоми худкори идоракунии нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе — «Шаҳри бехатар»-ро баррасӣ намуданд. Мавриди ёдоварист, ки ин санад зимни сафари расмии Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Чин дар моҳи майи соли 2013 ба имзо расидааст.
***
19 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе вохӯрии панҷуми роҳбарони мақомоти салоҳиятдори мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба масъалаҳои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баргузор шуд.
***
19 июни соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай ва Форуми ҷавонон таҳти унвони «Ташаббусҳои ихтиёриён» оғоз гардид. Дар он доираи васеи меҳмонон аз Қирғизистон, Қазоқистон, Чин, Русия ва дигар мамлакатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Шурои директорони Бонки осиёии рушд ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории молиявии Тоҷикистон ва ин бонк мавриди баррасӣ қарор гирифта, иброз гардид, ки давоми 20 соли охир аз ҷониби бонки мазкур соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 1,5 миллиард доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шуда, Бонки осиёии рушд ба калонтарин шарики рушди мамлакат табдил ёфтааст.
***
5 сол қабл, 19 июни соли 2018 дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати «Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку» маросими супоридани «Медали Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ» ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Марат Ҳуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд.
***
19 июн соли 2024 дар пойтахти мамлакат таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид.
19 ИЮН:
Рӯзи ҷаҳонии футболи кӯдакона.
***
Рӯзи байналмилалии пиёдагардӣ.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд






