Татбиқи тарҳи «CASA-1000» намунаи ҳамкории энергетики минтақавӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 25.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи лоиҳаи «CASA-1000» ба рушди ҳамгироии энергетикӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мусоидат намуда, имкониятҳои содироти неруи барқи барқароршавандаи Тоҷикистонро ба бозорҳои хориҷӣ фароҳам меорад. Ин нуктаро муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Манучеҳр Сафарзода дар ҷаласаи VI Конфронси 3-юми байналмилалӣ, ки таҳти унвони «Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Панели мубоҳисавӣ: «Тарҳрезии лоиҳаҳои ҳамгироии минтақавӣ дар мисоли лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқ «CASA-1000» доир гардид, иброз намуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки иштирокдорон дар ҷаласа доир ба аҳамияти стратегии лоиҳаи «CASA-1000» барои Тоҷикистон ва минтақа ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки «CASA-1000» метавонад ҳамчун платформаи намунавӣ барои татбиқи дигар ташаббусҳои энергетикии минтақавӣ хизмат кунад.
Дар ҷаласа ҳамзамон доир ба таҷрибаи андӯхташуда, мушкилоти ҳамоҳангсозии минтақавӣ, масъалаҳои молиявӣ ва нақши сармоягузории байналмилалӣ табодули назар карда шуд.
Лоиҳаи CASA-1000- ин бузургтарин лоиҳаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (Central Asia – South Asia (CASA)) мебошад. Лоиҳа сохтмони хати баландшиддати интиқоли нерӯи барқро дар бар мегирад, ки дар натиҷаи ба итмом расидани сохтмони хати мазкур низоми энергетикии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистонро пайваст менамояд. Амалӣ гардидани лоиҳа ҷиҳати гузоштани қадами муҳим барои ташкили Бозори минтақавии электроэнергия дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASAREM) мусоидат менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






