Тоҷикистон барои воридоти смартфонҳо ва телефонҳои мобилӣ 20% боҷи гумрукӣ ҷорӣ менамояд

Июнь 20, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 20.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 1 июли соли 2025 дар Тоҷикистон барои ворид намудани смартфонҳо ва телефонҳои мобилӣ 20% боҷи гумрукӣ ситонида мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ин тасмим тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2025, №346 гирифта шудааст. Тибқи қарори мазкур ситонидани боҷи гумрукӣ барои тамоми дастгоҳҳои дорои рамзи молии 8517130000 ва 8517140000 тибқи таснифоти рамзи молии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ҷорӣ карда мешавад. Яъне сухан дар бораи смартфонҳо ва дастгоҳҳои телефонҳои мобилии бе сим меравад.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳамзамон барои воридоти телефонҳои мобилӣ, аз ҷониби Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтҳои гумрукӣ, аз ҷумла 14% андоз аз арзиши иловашуда /ААИ/ аз арзиши дастгоҳ тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин 10 доллар – хироҷи гумрукӣ тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №472 аз 2 декабри соли 2005 ситонида мешаванд. Инчунин телефонҳое, ки то 100 доллари амрикоӣ арзиш доранд, аз пардохти хироҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»,

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 20, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд