Тоҷикистон дар муборизаи байналмилалӣ барои ҳифзи бабри барфӣ саҳм мегузорад

Июнь 7, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 07.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода дар ҷаласаи нуҳуми Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи глобалӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ ва экосистемаҳои он (GSLEP) дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Барои иштирок дар ҷаласа вазирони муҳити зисти кишварҳои мавзеи зисти бабрҳои барфӣ, инчунин намояндагони ташкилотҳои шарикӣ ва институтҳои байналмилалии молиявӣ даъват карда шуданд.

Зимни ҷаласа арзёбии дастҷамъонаи кӯшишҳои ҳукуматҳои 12 давлати мавзеи зисти бабрҳои барфӣ ва ҷомеаи ҳифзи табиат бо мақсади татбиқи эъломияи Бишкек оид ба ҳифзи бабрҳои барфӣ ва экосистемаҳои он гузаронида шуд.

Дар рафти ҷаласа раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист зарурати густариши ҳамкории байналмилалии Тоҷикистонро бо дигар давлатҳои мавзеи бабри барфӣ ва шарикони рушд барои табодули таҷриба ва ҳамоҳангсозии талошҳо бо мақсади ҳифзи бабри барфӣ ва экосистемаҳои он баён намуд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 7, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд