Тоҷикистон расман мақоми нозириро дар Маркази бисёрҷонибаи ҳамкории маблағгузории рушд соҳиб шуд

Июнь 23, 2025 14:47

ДУШАНБЕ, 23.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон расман мақоми нозириро дар Маркази бисёрҷонибаи ҳамкории маблағгузории рушд (MCDF) ба даст овард. Ин  барои мамлакат қадами муҳим ва эътирофи нақши Тоҷикистон дар раванди ҳамкории бисёрҷониба ва заминаи устувор барои тақвияти ҳамкории оянда мебошад. Дар ин хусус имрӯз дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин зимни вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо роҳбари Маркази бисёрҷонибаи ҳамкории маблағгузории рушд (MCDF)  Жонгжинг Ванг доир шуд, иттилоъ доданд.

Тавре аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба дурнамои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнокро дар самтҳои афзалиятноки Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, нақлиёт, рақамикунонии соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани иқтидори институтсионалиро муҳокима намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ мусоҳибон  омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд ба манфиати рушди устувори Тоҷикистон таъкид намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 23, 2025 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд