Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт

Июнь 23, 2025 17:25

ДУШАНБЕ, 23.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар баробари захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони энергияи офтобӣ ва бодӣ буда, ин захираҳо то кунун истифода нашудаанд. Тибқи таҳлилҳо, иқтидори аз лиҳози иқтисодӣ асосноки офтобӣ 369 600 МВт ва бодӣ бошад, 4 485 МВт-ро ташкил медиҳанд. Чунин иброз гардид дар Конфронси 3-юми байналмилалӣ, ки таҳти унвони «Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрӯз дар шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Конфронси 3-юми байналмилалӣ, ки таҳти унвони «Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Тоҷикистон ва шарикони рушд ташкил гардида, ҳамчун платформаи муҳими ҳамоҳангсозии талошҳои байналмилалӣ дар самти рушди энергетикаи «сабз» арзёбӣ мегардад. Дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, марказҳои таҳқиқотӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимону коршиносони ватанию хориҷӣ ва шаркиони рушд иштирок намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи расмии конфронс муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода иброз дошт, ки: «Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, ба ҳолати имрӯз ҳамагӣ 5 %-и ин захираҳо истифода шуда истодаанд. Дар мавриди истифодаи ин захираҳо, ки дар як сол 527 млрд. кВт/соат арзёбӣ шудаанд, имкони қонеъ намудани на танҳо талаботи Тоҷикистон, балки қонеъ намудани талаботи кулли минтақа бо барқи аз нигоҳи экологӣ тоза мавҷуд мебошад».

Таъкид шуд, ки айни замон Тоҷикистон аз ҳисоби истеҳсоли энергияи сабз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсаф буда, дар ҷаҳон дар ҷои шашум қарор дорад. Дар ҳолати амалишавии тамоми ҳадафҳои гузошташуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар соли 2032-юм 100 фоиз ба кишвари тавлидкунандаи энергияи сабз табдил ёбад.

Ҳадафи асосии баргузории конфронс тақвият бахшидан ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, пешбурди сиёсати сарфаи энергия ва баланд бардоштани сатҳи самаранокии энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Иштирокдорони конфронс раванди ислоҳот, дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда дар соҳаи энергетикаи барқароршавандаи ҷумҳуриро мавриди баррасӣ қарор дода, роҳҳои ҳамкории судманд ва имкониятҳои сармоягузориро муҳокима намуданд.

Қобили ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги табиӣ дар самти истеҳсоли энергия аз манбаъҳои барқароршаванда, бахусус обу офтоб мебошад. Тавассути баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд, ҷумҳурӣ қадами устувор ба сӯи таъмини амнияти энергетикӣ ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мегузорад.

Конфронси 3-юми байналмилалӣ таҳти унвони «Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» то 25 июн давом меёбад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 23, 2025 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад