Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти сармоягузорӣ густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 11.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 июни соли равон дар доираи Форуми IV байналмилалии сармоягузории Тошканд, вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири давлатии савдои хориҷии Қатар Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Сайид баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи густариши ҳамкории дуҷониба дар самти сармоягузорӣ ба энергияи «сабз»-ро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод хабар медиҳад.
Завқӣ Завқизода бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва пайгирии супоришҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати татбиқи 14 лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ ва 3 лоиҳаҳои афзалиятноки хайриявӣ, бахусус сохтмони беморхонаи сироятӣ ва муассисаи ёрии таъҷилии тиббӣ дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона даъват намуд.
Вобаста ба ин, ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок, густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ, энергияи «сабз» ва барқароршаванда, саноати коркард, бахусус коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва маъдан, сайёҳӣ ва логистика ба мувофиқа расиданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд изҳор намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем






