Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дар бахши инфрасохтори роҳ ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 20.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 июни соли равон мулоқоти муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода бо роҳбари Бахши Авруосиёии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) Уилям Томпсон ва ҳайати ҳамроҳони ӯ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкории минтақавӣ дар бахши инфрасохтори роҳро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, мақсади сафар ва мулоқоти намояндагони СҲИР таҳкими ҳамкорӣ дар доираи ташаббуси «Долони нақлиётии Транскаспий» ва баррасии имкониятҳои рушди ҳамгироии иқтисодӣ ва логистикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Ашурбой Солеҳзода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёду навсозии роҳҳои байналмилалӣ ва табдили долонҳои нақлиётӣ ба долонҳои иқтисодӣ ва бо ин роҳ мубаддал гардонидани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Дар ин самт ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва кишварҳои шарики Тоҷикистон сифатан баланд бардошта шуда истодаанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории минтақавӣ дар бахшҳои инфрасохтори роҳ, соддагардонии расмиёти савдо, бунёди марказҳои логистикӣ ва гузариш ба иқтисоди сабзу рақамиро муҳокима намуданд.
Иброз гардид, ки барои кишварҳои ба баҳр баромад надошта, мисли Тоҷикистон, таъмини дастрасӣ ба бозорҳои байналмилалӣ тавассути рушди долонҳои гуногунсамт ва устувор аҳамияти муҳим дорад. Дар ин замина, Долони нақлиётии Транскаспий ва дигар долонҳои бунёдшудаистода метавонанд нақши калидӣ дар тавсеаи имкониятҳои содиротӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ дошта бошанд.
Ҳамзамон дар рафти мулоқот ба масъалаҳои баланд бардоштани ҳамгироии рақамӣ, ҳамоҳангсозии платформаҳои электронии гумрукӣ ва татбиқи инфрасохтори мутобиқшаванда ба тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид






