Тоҷикистону Ҳиндустон ҳамкории фарҳангӣ ва сайёҳиро таҳким мебахшанд
ДУШАНБЕ, 07.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ню-Деҳлӣ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Ҳиндустон Гаҷендра Сингҳ Шекҳават баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хаабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои тавсеаи ҳамкории фарҳангӣ, адабӣ ва сайёҳиро мавриди муҳокима қарор дода, таъкид намуданд, ки ин равобит бар пояи робитаҳои таърихӣ, забонӣ ва маънавии муштарак устувор мебошанд.
Як қатор иқдом, аз ҷумла таҳияи феҳристи ягонаи дастнависҳои тоҷикӣ-форсии маҳфуз дар китобхонаҳо ва бойгониҳои Ҳиндустон ва рақамикунонии онҳо, аз ҷумла платформаи онлайнии «Ганҷинаи Бедил», ки ба осори шоири маъруфи адабиёти форсизабони Ҳиндустон Мирзо Абдулқодири Бедил бахшида шудааст, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳангии муштарак, нашри маҷмӯаи чандзабонаи «Бедил дар ойинаи дил» ва барқарорсозии «Боғи Бедил» дар Ню-Деҳлӣ ҳамчун рамзи дӯстии фарҳангии ду кишвар муҳокима гардид.
Ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки ҳамкориро дар соҳаҳои таҳсилот ва илм, аз ҷумла бо таъсиси факултаҳо, марказҳои тадқиқотӣ ва барномаҳои муштараки таълимӣ тавсеа медиҳанд.
Дар баробари ин, ба зарурати таҳкими робитаҳои мустақим байни воситаҳои ахбори омма ва тақвияти ҳамкории иттилоотӣ таъкид карда шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд






