То моҳи июн дар Тоҷикистон дар беш аз 182 ҳазор гектар пунбадона кишт карда шудааст
ДУШАНБЕ, 12.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. То 5 июн дар мамлакат дар 182 466 гектар пахта кишт шудааст, ки аз он майдони 168 653 гектар пурра инкишоф ёфтааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тибқи нақша, имсол дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ дар 186 883 гектар пунбадона кишт мешуд, ки то имрӯз беш аз 182 ҳазор гектар кишт шудаст. Аз ин қариб 50 ҳазор гектарро кишти зери плёнка ташкил медиҳад.
Ба тавсия олимони соҳаи кишоварзӣ, дар ин давра ба ниҳолҳои пахта бояд нуриҳои минералӣ ва обмонӣ гузаронида шавад. Зеро риояи саривақтии қоидаҳои агротехникӣ боиси ҳосили фаровон мегардад.
Пахта маҳсулоти асосии содиротии мамлакат ба шумор меравад, ки сол то сол арзиши аслии он дар бозори ҷаҳонӣ тамоюли болоравӣ дорад. Аз ин рӯ, кишоварзони мамлакат талош доранд, ки дар баланд шудани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши даромади иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир гузоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






