«ТОБИСТОН-2025». Дар Тоҷикистон беш аз 250 ҳазор кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
ДУШАНБЕ, 10.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Тоҷикистон қариб 5 ҳазор истироҳатгоҳ (наздимактабӣ, варзишӣ, санаторӣ, солимгардонӣ, меҳнатӣ) омода гардида, дар онҳо беш аз 250 ҳазор нафар кӯдакон ва наврасон ба фароғат фаро гирифта мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд.
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2025» кӯдакону наврасони ятим, бепарастор, аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ва тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ба таври ройгон бо роҳхат таъмин карда мешаванд. Волидайни хоҳишманд метавонанд барои фарзандони худ ба таври ғайринақдӣ роҳхат дастрас намоянд.
Имсол мавсими истироҳати кӯдакону наврасон дар 4 баст 12- рӯзиро дар бар мегирад. Ба ҳар баст аз 150 то 400 нафар қабул карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар мавсими «Тобистон-2025» 30 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ омода карда мешавад. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд 10 адад, дар вилояти Хатлон 3 адад, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 5 адад ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12 истироҳатгоҳ ба мавсим омода гардидааст.
Дар истироҳатгоҳҳо утоқҳои хоб, бунгоҳи тиббӣ, ошхона, китобхона, майдончаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ ба талаботи имрӯз мутобиқ гардонида шуда, барои босамар гузаштани таътили хонандагон бозиҳои шавқовари зеҳнию варзишӣ ва барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида мешаванд.
Масъалаи таълиму тарбияи насли наврас, дар замири онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, пос доштани арзишҳои миллию фарҳангӣ ва талқин намудани ҳурмату эҳтиром нисбат ба калонсолон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ, аз ҷумла соҳаи маорифи мамлакат ба шумор меравад.
Бо ҳамин мақсад Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон фаъолияти кумитаҳои соҳавиро дар ин самт назорат намуда, бо мақомоти давлатӣ ва идораҳои дахлдор масъалаи бо омӯзгорони баландихтисос таъмин намудани истироҳатгоҳҳо ва дар онҳо муҳайё намудани шароити заруриро амалӣ менамояд.
Иттифоқҳои касаба дар таъмини пешрафти иқтисодию иҷтимоии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, татбиқи нақшаҳои созандагию бунёдкорӣ ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста дорад.
Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ аҳли ҷомеаи меҳнатиро муттаҳид сохта, барои ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳо, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодии кормандон, оила ва фарзандони онҳо хизмат мерасонад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






