Устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Форуми табодули истеъдодҳои Осиёи Марказӣ иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 19.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 16 июн дар Донишгоҳи муҳандисии Харбини Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми мубодилаи истеъдодҳои Осиёи Марказӣ оғоз гардид, ки то 20 июн идома меёбад. Дар форум аз Тоҷикистон устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хабар доданд.
Намояндагони Тоҷикистон дар ҳамоишҳои илмӣ, муҳокимаҳо ва вохӯриҳо имкониятҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Инчунин дар чорабиниҳои канорӣ устодони донишгоҳ дар бахшҳои энергетика, электроника, коммуникатсия, зеҳни сунъӣ, меъморӣ ва сохтмон барои рушди ҳамкории илмӣ пешниҳодҳои мушаххас намуданд.
Форум бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва густариши имкониятҳои омӯзишиву илмӣ барои донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон доир гардида, намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чинро ба ҳам овард.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






