Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир менамояд

Июнь 8, 2025 14:10

ДУШАНБЕ, 08.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 17 июни соли равон дар шаҳри Душанбе вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон,  беҳтарсозии дастрасӣ ба адолат ва  муҳити сармоягузорӣ  конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Конфронс дар робита ба татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», инчунин ҷиҳати таҳкими мақоми ҳуқуқии мансаби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад.
Дар кори конфронс иштироки мақомоти давлатии Тоҷикистон, намояндагони кишварҳои хориҷӣ, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва  сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назар дошта шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 8, 2025 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад