Ёдгориҳои ёфтшуда аз шаҳристони Ҳулбук арзиши баланди илмӣ дошта, дар байни таҳқиқоти солҳои охир беназир маҳсуб мешаванд

Июнь 2, 2025 16:50

ДУШАНБЕ, 01.06.2025 /АМИТ «Ховар»/ Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳристони Ҳулбук ковишҳои бостоншиносии мустақилонаро идома дода,  дар  натиҷаи он  садҳо ашёи гаронбаҳои таърихию фарҳангӣ, аз қабили пораҳои зарфҳои шишагӣ, зарфҳои сафолии ороишӣ ва оддӣ, хиштҳои гуногунандоза, ҳалқаҳои мисию биринҷӣ, мехҳои оҳанин ва мисӣ, ҳайкалчаи баррача ва осори фаъолияти ҳунармандон дар коргоҳҳои қадимӣ, ба монанди маъдангудозӣ, шишасозӣ, хиштпазӣ ва кулолгарӣ, пайдо карда шуданд.

Корҳои кофтуков дар қисмати шимолу ғарбии шаҳристони қадимӣ дар масоҳати 100 метри мураббаъ анҷом дода шуда, аллакай ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.

Хосияти хос ва арзиши баланди илмӣ доштани баъзе аз ёдгориҳои ёфтшуда, аз ҷумла катибаҳои куфӣ бо забони арабӣ ва ангуштарии тиллоӣ, ин ковишҳоро дар байни таҳқиқоти солҳои охир беназир мегардонад. Катибаҳо дар дохили шоҳкосаи сафолӣ ҷойгир буда, ангуштарии тиллоӣ, ки аз асрҳои миёнаи исломӣ эҳтимол дорад, бо вуҷуди нопурра буданаш (набудани нигин), ҳолати хуби ҳифзшуда дорад.

Мутахассисон бар онанд, ки ин кашфиёт барои боз ҳам беҳтар омӯхтани таърихи шаҳристони Ҳулбук — шаҳри ҳунармандон — мусоидати ҷиддӣ менамояд ва заминаи устуворе барои таҳқиқоти минбаъдаи илмӣ фароҳам месозад.

АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 2, 2025 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст