Занону модарони собиқадор бо сарбозон ва сокинони Варзоб, Файзобод, Рӯдакӣ ва Шаҳринав мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 17.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 16 июн сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат оғоз гардид. Онҳо ба чор гурӯҳ тақсим шуда, дар ноҳияҳои Варзоб, Файзобод, Рӯдакӣ ва Шаҳринав бо сарбозон, аҳли ҷамоатчигӣ ва занону духтарон вохӯриҳо гузаронида, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии ин минтақаҳоро тамошо карданд.
Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин вохӯриҳо занони собиқадори меҳнат дар бораи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, бо чи гуна мушкилиҳо ба даст омадани сулҳу ваҳдат, нақши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории он, инчунин дар хусуси дӯст доштани Ватану хизмати содиқона кардан ба миллату давлат, расидан ба қадри озодию ободии мамлакат суҳбат намуданд.
Зимни суҳбат дар Қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав модарон иброз доштанд, ки имсол мардуми шарафманди тоҷик 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил таҷлил мекунад. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки Истиқлолият ва Ваҳдати миллии давлатамонро ҳамчун дастоварди пурарзиш ва неъмати бебаҳо бипазирем ва онро аз тамоми арзишҳои дигар муқаддамтар бидонем.
«Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон сарфи назар аз мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ вазифадор аст, ки ваҳдати миллиро ҳамчун муқаддасоти миллӣ, муҳимтарин омилу шароити пешрафти шахсӣ ва рушди босуботи ҷомеа ҳифзу ҳимоят намояд. Ҳар яки мо масъулем, ки дар ободии Ватан саҳми худро гузорем»,- иброз доштанд ҳайати Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар ноҳияи Шаҳринав.
Сарвари давлат борҳо дар суханрониҳо таъкид намуданд, ки: «мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки давлатсозиву давлатдорӣ, хусусан дар шароити пурмоҷарову ҳассоси ҷаҳони имрӯза кори осон нест. Аз ин ру, мо бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамонро дар рӯҳияи худшиносиву ҳуввияти миллӣ ва эҳсоси баланди ватандорӣ тарбия намоем, ки дар оянда номбардори миллати бошарафи тоҷик бошанд».
Ёдовар мешавем, ки Корвони «Модарони Ваҳдатсаро», ки ба он 100 нафар занону модарони шинохтаи ҷумҳурӣ, собиқадорон ва фаъолзанон шомил шудаанд, аз 16 то 19 июн ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафар намуда, бо сокинон оид ба таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, истиқлолият ва саҳм гузоштан дар ободию рушди Ватан суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.
Корвон ба 4 гурӯҳ тақсим шуда, дар қисмҳои низомӣ, дар ҷамоатҳо бо сокинони деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо усули «деҳа ба деҳа» ва «хона ба хона» оид ба тарғиби дастоварҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷамъии мардум суҳбату вохӯриҳо доир мекунанд. Инчунин онҳо мавзеъҳои таърихию –фарҳангии мамлакатро тамошо мекунанд.
Бояд тазаккур дод, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими пойдории сулҳу ваҳдат, дӯстиву рафоқати сокинони тамоми минтақаҳои мамлакат чорабинии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони Корвони «Модарони ваҳдатсаро» чандин сол аст, ки ташкил гардида, фаъолзанон ва собиқадорони мамлакат дар суҳбату вохӯриҳо сокинон, бахусус занону духтарон ва ҷавононро ба омӯхтани касбу ҳунар, дӯст доштани Ватан ва содиқона хизмат кардан ба онро талқин менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки 20 июн бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад. Ҳайати 100 -нафараи Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар ин конфронси ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд.
Моҳинави НАРВӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






