Зимбабве таҷрибаи Тоҷикистонро дар самти истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия истифода менамояд

Июнь 3, 2025 10:31

ДУШАНБЕ, 03.06.2025/АМИТ «Ховар»/. Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои Зимбабве намунаи омӯзиш ва татбиқ мебошад. Ин нуктаро Вазири энергетика ва рушди неруи Ҷумҳурии Зимбабве Ҷулай Мойо дар мулоқот бо Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар шаҳри Душанбе иброз намуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи энергетика, мубодилаи таҷриба ва ҷалби сармоя ба лоиҳаҳои зерсохтории энергетикӣ баён намуданд.

Инчунин Ҷулай Мойо рушди неругоҳҳои хурди барқи обиро дар Тоҷикистон арзишманд арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон дар меҳвари мулоқоти вазирон татбиқи лоиҳаҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон, аз ҷумла НБО –и «Роғун» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 3, 2025 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем