13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад

Июль 7, 2025 18:40

ДУШАНБЕ, 07.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 13 июл дар марказҳои имтиҳонии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи тартиби гузаронидани Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023 тасдиқ гардидааст, довталабе, ки дар даври якуми имтиҳон – қисми А ё қисми Б иштирок карда натавонист ва хоҳиши иштирок кардан дорад, метавонад дар даври дуюми имтиҳон иштирок намояд.

Маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар даъватномааш қайд карда мешавад. Ин маълумот барои довталабон дар кабинети инфиродияшон низ дастрас мегардад.

Ба довталаб тавсия дода мешавад, ки пас аз дастрас кардани даъватнома дар бораи нишонӣ ва нуқтаи роҳнамои маркази имтиҳоние, ки дар даъватномаашон нишон дода шудааст, аз рӯйхати пешниҳодгардида огоҳ ва бо макони имтиҳонсупориашон пешакӣ шинос шаванд, то ки дар рӯзи имтиҳон дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагарданд.

Довталаб бояд дар маркази имтиҳонӣ аз рӯйи ҷадвали имтиҳонҳо дар рӯзи муайяншуда 1 соату 30 дақиқа пеш аз оғози имтиҳон бо даъватнома, шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияташ (бо муҳр ва сурат) ҳозир шавад.

Барои бомуваффақият супоридани имтиҳонҳо, пеш аз ҳама довталабон бояд ҳаяҷонро аз худ дур созанд. Барои дур кардани ҳаяҷон, пеш аз имтиҳон хуб омода шуда, истироҳат намоянд. Барои бартараф кардани ҳаяҷон сайру гашт кардан дар ҳавои тоза, истироҳат дар ҷойи ором, машқҳои сабук ва гӯш кардани мусиқии ором тавсия мешавад.

АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

Июль 7, 2025 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид