15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 14.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 18 июли соли 2025 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон барои ҷавонон баргузор мегардад. Чорабинӣ дар доираи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар соли 2025 ва бо ташаббуси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии Ваколатдор иттилоъ доданд, ин ҳамоиш дар доираи амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 маротибаи сеюм баргузор гардида, дар кори он ҷавонони фаъол, хизматчиёни давлатӣ, магистрон, донишҷӯён ва олимони ҷавон иштирок менамоянд.
Машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ дар доираи Мактаби тобистона ба масъалаҳои муҳими ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, дастовардҳои Тоҷикистон дар ин самт, механизмҳои миллӣ ва байналмилаллии ҳифзи ҳуқуқи инсон, ҳамкории субъектони масъул, баъзе масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят дар байни ҷавонон ва дигар масъалаҳо бахшида мешаванд.
Бори аввал имсол дар асоси Нақшаи кори Комиссияи ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2024–2025, намояндагони кишварҳои узви Комиссияи ҳуқуқи инсони Иттиҳод низ ба чорабинӣ даъват шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Комиссия ҳамчун мақоми машваратии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳуқуқи инсон таъсис ёфта, Низомномаи он бо Қарори Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 14 октябри соли 2022 тасдиқ гардидааст. Ба ҳайати он намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон шомил мебошанд.
Тавре иттилоъ дода мешавад, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ташкили чорабиниҳои иттилоотию маърифатиро тақвият бахшида, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, бахусус ҷавонон, талош хоҳад варзид.
АКС аз бойгонӣ








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






