150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
ДУШАНБЕ, 07.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 150 нафар фарзандони омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар се басти истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» —и назди донишгоҳ, ки дар ноҳияи Муъминобод ҷойгир аст, ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ хабар доданд.
Истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» аз моҳи июл то август наврасонро, дар се баст, дар ҳар баст 50 нафар, ҷамъ 150 нафарро ба истироҳату фароғат фаро мегирад. Ҳоло 50 нафар хонандагон дар истироҳатгоҳ ба истироҳат фаро гирифта шудаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бофароғат гузаштани таътили тобистонаи хонандагон, тадбирҳои муассир андешида, истироҳатгоҳҳои мактаббачагонро дар мавзеъҳои хушбоду ҳавои ҷумҳурӣ бо тамоми шароити муосир ташкил менамояд.
Истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ноҳияи Муъминобод аз ҷумлаи онҳо мебошад. Раёсати донишгоҳ дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат шароити заруриро баҳри таълиму тарбия ва истироҳати хонандагон дар ин макон фароҳам овардааст. Ҳадаф аз он фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳат, ташаккули фикрӣ ва таҳкими тарбияву ахлоқи кӯдакону наврасон мебошад.
Истироҳатгоҳҳои таълимӣ на танҳо ҷойи истироҳат, балки муҳити таълиму тарбия, муошират ва вусъати ҷаҳонбинии насли наврас мебошанд.
Дар ин истироҳатгоҳ кӯдакону наврасон ба бозиҳои варзишӣ, маҳфилҳои адабӣ, омӯзиши малакаҳои нав ва дарсҳои тарбиявӣ фаро гирифта мешаванд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






