Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 11.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз ёфт.
Дар фурудгоҳи марказии ноҳияи Айнӣ Сарвари давлатро сокинон, намояндагони касбу кори гуногун ҳамчун рамзи эҳтирому эътимод ба фарзанди фарзонаи миллат, гарму самимӣ истиқбол намуданд.
Ба муносибати ташрифи меҳмони олимақом, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли фарҳангу ҳунари ноҳия барномаи мукаммали театркунонидашударо, ки тараннумгари таъриху фарҳанг, ватандорӣ ва сулҳу суботи комил аст, пешниҳод гардониданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳар як сафари Президенти кишвар ба ин ва ё он гӯшаи диёр пайки шодию нишот, оғози марҳилаи нави бунёдкорӣ ва беҳтар гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум мегардад.









Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд






