35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад

Июль 4, 2025 08:59

ДУШАНБЕ, 04.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 км роҳи деҳаи Гулзори Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Мумфаршкунии роҳ дар доираи ҳидоятҳои созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси соҳибкорон ва сокинони деҳа амалӣ карда мешавад.

Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода бо рафти корҳои роҳсозӣ дар ин деҳа шинос гардида, ба сокинон барои саҳмгузорӣ дар корҳои созандагию бунёдкорӣ ва сарҷамъию муттаҳидӣ изҳори сипос намуд.

Ҳоло бо ҷалби мутахассисони роҳсоз ва сокинони деҳа кор бо суръат идома дошта, масъулин кӯшиш доранд, ки дар муҳлати муайянгардида корро бо сифати баланд ба анҷом расонанд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб корҳои таъмиру навсозии роҳҳо вусъат меёбанд. Аз ҷумла, моҳи июн дар деҳаи Маҳмадалӣ Ғаффори Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб дар масофаи 1300 метр мумфаршсозии роҳи дохилии аҳамияти ҷумҳуриявӣ оғоз гардидааст.

Ин роҳ дар шоҳроҳи Кӯлоб–Ховалинг–Балҷувон ҷойгир мебошад. Корҳои асфалтпӯшкунӣ бо маблағгузории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, барои он 550 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.

Хотиррасон мешавем, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб таъмиру бунёди 494 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Июль 4, 2025 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд