35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 13.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ корҳои сохтмонии бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти томактабии №4 оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд.
Ин иқдом дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат ва амалӣ гардондани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвияти соҳаи таҳсилоти томактабӣ, хусусан дар минтақаҳои деҳот амалӣ мегардад.
Мақсад аз бунёди иншооти нав — фароҳам овардани имкониятҳои иловагӣ барои фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаи томактабӣ, беҳтарсозии шароити таълиму тарбия ва тақвияти пояҳои рушди зеҳниву ҷисмонии насли наврас маҳсуб меёбад.
Сохтмони чунин биноҳо дар деҳот на танҳо ба паст кардани шиддати талабот ба муассисаҳои томактабӣ мусоидат мекунад, балки як бахши муҳими сиёсати стратегии давлат дар самти таъмини рушди устувори инсонӣ ба шумор меравад.
Тибқи нақша, бинои нави кӯдакистон дуошёна буда, бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони фаъоли хоҷагии ба номи Ҳоҷӣ Амиров бунёд мешавад. Ин иқдом ҳамчун намунаи ҳамкории судманди ҷомеа бо мақомоти маҳаллӣ дар самти таъмини шароити мусоиди таълимӣ барои кӯдакон арзёбӣ мегардад. Пешбинӣ шудааст, ки дар муассисаи нави томактабӣ беш аз 120 нафар кӯдак ба таълиму тарбияи муосир фаро гирифта шаванд.
Бинои нав бо синфхонаҳои васеъу равшан, утоқҳои махсус барои бозиҳои инкишофдиҳанда, ҳуҷраҳои тиббӣ ва ошхона муҷаҳҳаз хоҳад гашт. Инчунин, дар саҳни кӯдакистон майдончаҳои бозии замонавӣ бунёд мегарданд, ки ба инкишофи ҷисмониву равонии кӯдакон мусоидат хоҳад кард.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






