35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рашт 307 иншоот бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 10.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт сохтмони 307 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ин теъдод то имрӯз 213 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар 94 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ босуръат ҷараён доранд. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ҳамчунин дар доираи амалишавии «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025» боз 256 иншооти дигар сохта мешаванд. Дар соҳаи маориф 39 бинои муассисаи таълимӣ, тандурустӣ 15 бинои беморхонаву маркази саломатӣ ва дар соҳаи варзиш 34 толору майдонҳои варзишӣ бунёд карда мешаванд.
Танҳо ба истиқболи таҷлили 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт толори варзишӣ ва пули мошингузар дар деҳаи Бедаки Ҷамоати деҳоти Навдӣ ва пойгоҳи обкашӣ дар Ҷамоати шаҳраки Ғарм мавриди истифода қарор дода шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд






