35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд

Июль 13, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 13.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи деҳаи Гулбоғи ноҳияи Ёвон бо маблағи беш аз 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ мумфарш карда шуд. Роҳҳои байни деҳаҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова бо масоҳати 2 километр таъмир гардид. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Айни замон роҳҳои байни деҳаҳо таъмир гардида, дар канори он ҷӯйборҳои обгузар сохта, аломатҳои ишоратӣ насб карда мешаванд. Ин роҳ бо саҳми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд «Моҳир семент» ва соҳибкорону шахсони ободкори ноҳия мумфарш карда шуд.

Тадбири мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ободии Ватан ва бо ҳадафи боз ҳам беҳтар сохтани инфрасохтори нақлиётӣ, таъмин намудани шароити мусоиди зиндагӣ барои сокинон ва гашту гузори мусоиду бемушкили сокинон амалӣ шуд.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 баён гардид: «мо вазифадорем, ки ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва мунтазам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳар рӯз ва ҳамеша саъю талош намоем».

-Хусусан, мо бояд тамоми саъю талоши худро ба хотири амалӣ намудани корҳои ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешбинигардида, яъне ободии Ватанамон, пешрафти давлатамон ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии мардумамон равона созем, — таъкид намуданд Пешвои миллат.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Июль 13, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд