35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Суғд 84 корхонаю коргоҳи нав ба фаъолият шуруъ намуд
ДУШАНБЕ, 31.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 июл дар вилояти Суғд оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Зимни нишасти матбуотӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти аҳли заҳмату эҷоди вилоят натиҷаҳо назаррас буда, Суғди бостонӣ ба гӯшаи ободу зебо ва саноатӣ табдил ёфтааст.
Ба таъсири манфии омилҳои берунӣ нигоҳ накарда, давоми 6 моҳи соли 2025 дар вилоят ба маблағи 18,1 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 суръати афзоиш 132,8 фоиз таъмин гардид.
Навъҳои маҳсулоти истеҳсолшаванда дар корхонаю коргоҳҳои саноатии вилоят ба 253 номгӯй расонида шуданд.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 6 моҳи соли 2025 дар миқёси вилоят 84 корхонаю коргоҳи нав бо 536 ҷойи нави кор ба фаъолият шуруъ намуд.
Корхонаҳои навтаъсис асосан корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ ва саноати сабукро дар бар гирифта, ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






