Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд

Июль 3, 2025 10:20

ДУШАНБЕ, 03.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари мутахассисони варзидаю ҳирфаӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва дар ин замина рушди соҳа, барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Аз ҷумла, Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» хоҳишмандонро ба вазифаи нозири муоинаи шуъбаи амнияти дохила ва муоинаи Хадамоти амнияти авиатсионӣ, инчунин ба вазифаи нозири бехатарии шуъбаи амнияти дохила ва муоинаи Хадамоти амнияти авиатсионӣ ба кор даъват менамояд.

Тибқи иттилои манбаъ, хоҳишмандоне, ки мехоҳанд дар оянда дар вазифаи нозири муоинаи шуъбаи амнияти дохила ва муоинаи Хадамоти амнияти авиатсионӣ, нозири бехатарии шуъбаи амнияти дохила ва муоинаи Хадамоти амнияти авиатсионии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» фаъолият намоянд, бояд маълумоти олӣ дошта бошанд, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои мардҳо ҳатмӣ) хизмат намуда, собиқаи кор дар мақомоти қудратӣ, ҳамзамон дорои ҳолати хуби равонию ҷисмонӣ, ахлоқи неку писандида бошанд. Барои қабул ба кор дар вазифаҳои дар боло номбаршуда ба донандагони забонҳои хориҷӣ афзалият дода мешавад, синну соли довталабоне, ки дар озмун барои ишғоли вазифаҳои мазкур иштирок менамоянд, на бояд аз 40-сола боло бошад.

Ҳамзамон дар асоси ин озмун ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» хоҳишмандонро ба вазифаи корманди дастаи муҳофизат ва назорати Хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳ даъват менамояд, ки талаботи тахассусӣ чунин аст: синну сол – то 40- сола, таҳсилоти олӣ, миёна ё миёнаи касбӣ-техникӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳатмӣ), малакаи истифода аз силоҳи оташфишон, собиқаи кор дар мақомоти қудратӣ, таҷрибаи кор дар идораю корхонаи реҷавӣ, ҳолати хуби равонию ҷисмонӣ ва одоби неку писандида, донистани забони давлатӣ ва русӣ.

Ҳангоми интихоби мутахассисон дар озмун ба занон -довталабон афзалият дода мешавад. Хоҳишмандон имкон доранд, хуҷҷатҳои худро тавассути почтаи электронии Sab@airport.tj ба Хадамоти амнияти авиатсионии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» то 31 июли соли 2025 пешниҳод намоянд.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Июль 3, 2025 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ