Агентии рейтингии байналмилалии «Standard & Poor’s» ба дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон баҳои сазовор дод
ДУШАНБЕ, 15.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни вохӯрии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода бо ҳайати таҳлилгарони Агентии рейтингии байналмилалии «Standard & Poor’s» дар Тоҷикистон омодагии ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобили судманд изҳор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Ашурбой Солеҳзода барои дар сатҳи устувор нигоҳ доштани рейтинги кредитии соҳибихтиёрии мамлакат ба Агентии мазкур изҳори миннатдорӣ намуда, ҳайатро бо вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди милллӣ шинос намуд.
Дар доираи мулоқот ҳайати таҳлилгарони Агентӣ ба устувории макроиқтисодӣ ва дастовардҳои иқтисодии ноилгардидаи Тоҷикистон дар соли 2024 баҳои сазовор дод. Гуфта шуд, ки новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ иқтисоди миллӣ дар мамлакат солҳои охир дар сатҳи баланд таъмин гардидааст.
Иброз гардид, ки соли 2024 ва дар шашмоҳаи якуми соли 2025, новобаста аз вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳон дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устувории макроиқтисодӣ дар мамлакат таъмин гардид. Аз ҷумла, соли 2024 суръати рушди воқеии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 8,4 фоизро ташкил дод.
Бо назардошти дар 5 соли охир зиёда аз 8 фоиз таъмин гардидани рушди иқтисодии мамлакат аз Агентии рейтингии байналмилалии «Standard & Poor’s» дархост карда шуд, ки дурнамои худро нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба устувор гардидани рушди иқтисоди миллӣ дар давраи миёнамуҳлат баланд бардорад. Ин дархост аз ҷониби Агентӣ хуб пазируфта шуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд






