Ҳайати экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё -2025» ба шаҳри Истаравшан омад

Июль 14, 2025 15:48

ДУШАНБЕ, 14.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё — 2025» ба шаҳри Истаравшани бостонӣ омад. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.

Сайёҳон ва иштирокчиёни экспедитсия Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Муғ»-ро тамошо намуданд.

Ҳайати экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё -2025» дар доираи барнома бо мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Истаравшан, аз ҷумла растаи ҳунармандони Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Муғ», Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ва ҳамзамон корхонаи саноатии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» шинос гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан

Июль 14, 2025 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»