Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд

Июль 9, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 09.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода дар ҷаласаи пленарии Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, ки аз 7 то 9 июл дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд.

Дар доираи ин чорабинии сатҳи баланд ҷаласаи 24-уми мониторинги Нақшаи амалиёти Истанбул оид ба мубориза бар зидди коррупсия ва ҷаласаи 30-юми Гурӯҳи роҳбарикунандаи шабака баргузор шуданд.

Дар ҷаласаи мониторингӣ гузоришҳои навбатии марҳилаи панҷуми мониторинги ҷумҳуриҳои Арманистон, Озарбойҷон, Молдова ва Украина баррасӣ гардиданд. Ин гузоришҳо дар доираи Нақшаи амалиёти Истанбул таҳия шуда, вазъи амалисозии тавсияҳои қаблиро дар самти мубориза бо коррупсия арзёбӣ намуданд.

Дар идома Гурӯҳи роҳбарикунандаи шабака масъалаи татбиқи Барномаи кории шабака барои солҳои 2023–2026-ро мавриди баррасӣ қарор дода, муҳокимаи самтҳои стратегии он барои давраи солҳои 2027–2030-ро оғоз намуд.

Инчунин дар доираи чорабинӣ ҷаласаи муколамаи минтақавӣ оид ба масъалаҳои поквиҷдонӣ дар соҳаи тиҷорат баргузор гардид.

Иштирокчиён изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои чорабинӣ ба таҳкими муборизаи муштарак бар зидди коррупсия ва пешбурди принсипҳои поквиҷдонӣ дар минтақа ва сатҳи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 9, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид