Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 08.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 июл дар қароргоҳи ЮНЕСКО (ш. Париж) маросими ифтитоҳи расмии ҷаласаи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ бо иштироки 21 кишвари аъзои Кумита, мамлакатҳои аъзои ЮНЕСКО оғоз гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласаи мазкур бо суханронии Дабири кулли ЮНЕСКО Одри Азуле расман оғоз шуд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба ҳифз ва таҳкими мероси фарҳангӣ ва табиии ҷаҳонро баррасӣ менамояд.
Ин ҷаласа фурсати муҳимме барои табодули таҷриба, тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ва рушди иқтидори миллӣ дар соҳаи ҳифзи мерос ба ҳисоб меравад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд






