«Centrum Air» парвозҳои мустақимро дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 19.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ширкати ҳавопаймоии «Centrum Air»-и Ҷумҳурии Узбекистон парвозҳои мустақимро дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд оғоз намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Тавре аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, парвозҳои мустақим дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд шуруъ аз 19 июли соли 2025 ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои чоршанбе ва шанбе, дар самти Самарқанд-Душанбе-Самарқанд аз 20 июли соли 2025 ҳафтае ду маротиба – панҷшанбе ва якшанбе анҷом дода мешаванд.
Парвозҳои мустақим дар ин хатсайрҳо аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Centrum Air» дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба алоқаи ҳавоӣ, ки 9 марти соли 2018 ба имзо расида буд, ба роҳ монда мешавад.
Ифтитоҳи ин парвозҳои мустақим дар ҳолест, ки 16 июни соли 2025 байни шаҳрҳои Душанбе ва Пекин парвозҳои мустақим аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «China Southern Airlines» амалӣ гардид.
Инчунин дар доираи ҳамкории авиатсисонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 1 июли соли 2025 ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Мардумии Чин «Chengdu Airlines» парвозҳои мусофиркашонии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар оғоз намуд. Ин тасмим бо мақсади васеъ намудани ҷуғрофиёи парвозҳо, рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон андешида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки солҳои охир дар партави сиёсати дарҳои боз ва дастгириҳои доимии Роҳбарияти олии мамлакат шумораи хатсайрҳои байналмилалӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ мунтазам афзоиш меёбад. Дар ин замина, хатсайрҳои нав байни Душанбе ва шаҳрҳои Истанбул, Дубай, Москва, Алмато, Тошканд, Деҳлӣ ва Теҳрон фаъол гардидаанд, ки дар муаррифии иқтидори транзитии мамлакат ва тақвияти робитаҳои иқтисодиву фарҳангӣ нақши муҳим доранд.
Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ бо мақсади тақвияти рақобатпазирии соҳа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои мусофирон ҳамкориро бо ширкатҳои ҳавопаймоии бонуфузи ҷаҳон идома дода, шумораи парвозҳои байналмилалиро пайваста зиёд мегардонад.
АКС: АМИТ «Ховар»























Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






