Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
ДУШАНБЕ, 09.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво аз 3 то 5 дараҷа паст мешавад. Дар баъзе аз ноҳиҳои алоҳидаи мамлакат бориши борон дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе ҳаво шабона то 23 ва рӯзона то 38 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ доданд.
Аз 9 то 13 июл дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ҷануб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона 20-25 ва рӯзона 33-38 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 17-22 ва рӯзона 28-33 гармӣ дар назар аст.
Дар вилояти Суғд то 13 июл ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Аз 11 то 13 июл дар баъзе ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 22, рӯзона то 35 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19-24, рӯзона 33-38 дараҷа гарм ва ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17, рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад.
Аз 10 то 13 июл дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда ва дар баъзе ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 дараҷа гарм ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






