Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи «Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ» таҳия карда мешавад
ДУШАНБЕ, 19.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рақамикунонии соҳаи суғуртаи мамлакат аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи «Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ» таҳия мешавад, ки минбаъд дар он ҳама намудҳои суғурта давра ба давра пайваст гардида, бақайдгирии шартномаҳо ва полисҳои суғуртавӣ пурра тавассути рамзҳои рақамӣ ҳимоя карда мешаванд. Дар ин хусус зимни баргузории ҷаласаи васеъ оид ба фаъолияти низоми суғурта дар шашмоҳаи якуми соли 2025 иттилоъ дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, барои расидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат дар шашмоҳаи якуми соли равон барои мустаҳкам намудани заминаи қонунии танзиму назорати фаъолияти суғуртавӣ ва мутобиқ намудани он ба стандартҳои байналмилалӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунанда таҳия шуда, баъзеи онҳо мавриди амал қарор дода шуданд. Аз ҷумла, «Тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавӣ», «Номгӯйи маълумоти тавсиявӣ барои нишон додан дар полиси суғуртавӣ», «Тартиби таҳия ва муҳлати пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ» ва «Феҳристи ҳисобҳои тавозунӣ барои ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва Тавсифи ҳисобҳои тавозунии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ).
Ин санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ инфрасохтори асосии низоми суғуртаи мамлакатро ташаккул дода, минбаъд барои аз байн бурдани номуайяниҳои амалиёти суғуртавӣ ва эътимоднокии баҳисобгирии молиявию хоҷагидории ташкилоти суғуртавии дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолияткунанда мусоидат менамоянд ва соҳаи суғуртаро ба марҳилаи нави рушд мебароранд.
Дар ҷаласа ташкилоти суғуртавӣ вазифадор карда шуданд, ки барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии суғуртавӣ ва рақамикунонии пешниҳоди онҳо, баррасии саривақтии муроҷиатҳои суғурташавандагон, беҳтар намудани муоширати касбӣ бо муштариён, вусъат додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ ва пурра ба таври ғайринақдӣ анҷом додани ҳама гуна амалиёти суғуртавӣ кор баранд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






