Ба дарёи Қаратоғ 3700 гулмоҳии нодири амударёӣ сар дода шуд
ДУШАНБЕ, 20.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамоиши «Мубодилаи таҷриба дар соҳаи маърифат ва фарҳанги экологӣ» ба дарёи Қаратоғ 3700 моҳичаи намуди гулмоҳии нодири амударёӣ сар дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамоиш бо иштироки Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо ҷалби ташкилоти ҷамъиятии экологӣ, муассисаҳои таълимӣ, кормандони зерсохторҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав ва аҳолии маҳаллӣ дар «Маркази экологии Боғи табиии таърихии Ширкент», воқеъ дар деҳаи Лаби Ҷай баргузор карда шуд.
Зимни ҳамоиш дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифат ва фарҳанги экологӣ табодули андеша доир гардид. Ҳамзамон бо ҷалби мактаббачагони деҳаи Лаби Ҷай ва волонтёрони Кумита ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






