Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд

Июль 21, 2025 09:21

ДУШАНБЕ, 21.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ якчанд иншооти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва инфрасохторӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Аз ҷумлаи онҳо роҳи мошингарди байни деҳаҳои Сафедоб ва Обшорон мебошад, ки дар масофаи 1,8 километр пас аз таҷдид ба истифода дода шуд. Корҳои мумфаршкунӣ бо саҳми соҳибкорону сокинон анҷом ёфта, роҳ бо паҳноии 6 метр ва ғафсии 8 сантиметр таҷдид гардид. Арзиши умумии корҳои сохтмонӣ 1 миллиону 992 ҳазор сомониро ташкил дод.

Дар самти дастгирии соҳаи маориф дар деҳаҳои Меҳрвар ва Марғоб ду бино бо синфхонаҳои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар ду баст сохта шуд. Биноҳо дуошёна буда, ҳар кадоме аз 4 синфхона ва як ҳуҷраи корӣ иборат мебошанд. Лоиҳаҳо бо маблағгузории Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, арзиши умумии онҳо беш аз 3,4 миллион сомонӣ мебошад.

Дар деҳаи Ҳуснобод бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор гирифт. Иншоот бо маблағи 695 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин мебошад. Бино аз се ҳуҷраи корӣ ва иншооти ёрирасон иборат аст.

Дар деҳаи Меҳнатобод низ манораи тақсимоти об бо ғунҷоиши 25 тонна ва хати оби ошомиданӣ сохта шуд. Иншооти мазкур бо маблағи 368 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, ба таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ нигаронида шудааст.

Дар самти рушди саноат корхонаи пахтатозакунӣ бо иқтидори солонаи коркарди 15 ҳазор тонна пахта ва корхонаи сангу шағал бо иқтидори коркарди 120 метри мукааб дар як соат мавриди истифода қарор гирифтанд. Арзиши умумии сохтмони корхонаҳо беш аз 12 миллион сомониро ташкил дода, даҳҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин шуданд. Дар паҳлуи корхонаи сангу шағал бунёди корхонаи истеҳсоли семент низ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон дар деҳаи Сафедоб иншооти муосири варзишӣ ва сайёҳӣ бо майдончаҳои футбол ва ҷойи истироҳат мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ба ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва рушди сайёҳӣ нигаронида шудаанд.

Бунёди ин иншоот ба беҳбуди сатҳи зиндагии мардум, рушди инфрасохтори деҳот, саноат, маориф, тандурустӣ ва варзиш мусоидат намуда, нишони равшани талошҳои пайгиронаи роҳбарияти ҷумҳурӣ барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Июль 21, 2025 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон ва Деваштич баргузор мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ёвон иншооти нави соҳаи тандурустӣ ва коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъати тоза гирифтааст
Дар беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ шуъбаи бемориҳои сироятӣ сохта мешавад
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Мумфаршкунии роҳи асосии даромадгоҳи «Наврӯзгоҳ»-и Хуҷанд оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Дӯстӣ майдончаи варзишӣ барои бозии футбол ифтитоҳ гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли равған сохта мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон, Деваштич, Шаҳристон, Данғара ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мумфаршсозии роҳҳо оғоз гардид
Дар ноҳияи Рашт бинои нави фурудгоҳ бунёд карда мешавад