Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
ДУШАНБЕ, 01.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ ояндаи наздик Форуми байналмилалии «Помир-инвест-2025» баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Дар ҷаласаи тадорукоти форум таваҷҷуҳи масъулин барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани Форуми «Помир-инвест-2025» ҷалб гардид.
Бояд тазаккур дод, ки Форуми байналмилалии «Помиринвест» ҳамасола бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузаронида мешавад.
Ҳадаф аз баргузории форум ҷалби сармоя ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рушди соҳибкорӣ, тақвияти ҳамкории корхонаю ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва минтақаҳои ҷумҳурӣ бо корхонаю ширкатҳои вилоят мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






