Байни мақомоти стандартизатсияи Тоҷикистон ва Узбекистон «Харитаи роҳ» омода карда мешавад
ДУШАНБЕ, 15.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон хостори таҳияи «Харитаи роҳ» байни мақомоти стандартизатсияи Тоҷикистон ва Узбекистон гардидааст. Ин ва дигар масъалаҳои мубрами тақвияти ҳамкорӣ байни ду давлати ҳамсоя дар соҳаи сертификатсия, стандартизатсия, метрология ва назорати савдо дар мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Директори Агентӣ доир ба танзими техникии назди Кабинети вазирони Ҷумҳурии Узбекистон Акмал Ҷумъаназаров дар Тошканд баррасӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад.
Ҷониби Узбекистон хостори рушди ҳамкории соҳавӣ буда, барои ташкили машварату конфронсҳои муштарак, истифодаи таҷрибаи ҳамдигар, ҷалби мутахассисон ба даврҳои такмили ихтисос ва самаранок истифода бурдани озмоишгоҳҳои Агентӣ изҳори ризоият намуд.
Сафир пешниҳод намуд, ки зарурати такмилу иловаҳо ба Созишномаи муштарак пеш омада, хуб мешуд байни ду Агентӣ «Харитаи роҳ» омода гардад.
Дар анҷом Сафир бо озмоишгоҳҳои замонавии Агентӣ, ки бо таҷҳизоти муосири сатҳи байналмилалӣ таъмин мебошанд, шинос шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






