Байни осорхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Муғулистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 25.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 июл пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Муғулистон дар Қасри миллат бо иштирок ва дар ҳузури Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷараёни маросим миёни Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Муғулистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ба имзо расидани ин санади муҳим имкон медиҳад, ки ҳамкории мутақобили судманд байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Муғулистон дар соҳаи осорхонашиносӣ, тарғиби мероси фарҳангӣ ва ҳамчунин тақвияти робитаҳои илмӣ тавсеа ёбад.
Ҳамзамон дар доираи Ёддошти тафоҳум тарафҳо метавонанд бозомӯзии мутахассисони соҳаи кори осорхонавиро дар самти тармим ва таҳкими ашёи нодири таърихӣ, нашри феҳристи осори миллӣ, баргузории намоишҳои осорхонавӣ, семинарҳо, симпозиумҳо, конфронсҳо ва анҷуманҳои муштарак доир ба масъалаҳои ҳифзу муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ ва истифодаи шаклҳои дигари ҳамкорӣ, ки дар қонунгузории миллии амалкунандаи Тарафҳо манъ карда нашудааст, амалӣ намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






