Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ Созишнома ба имзо расид

Июль 9, 2025 11:37

ДУШАНБЕ, 09.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 июл дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ созишнома ба имзо расид.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Созишнома бо мақсади таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расонида шуд.

Созишнома ба густариши ҳамкорӣ дар самти таҳия ва таблиғи хатсайрҳои муштарак, аз ҷумла брендҳои минтақавии дорои аҳамияти таърихию фарҳангӣ, ба монанди «Роҳи бузурги абрешим», таъмини манфиатҳои тарафайн дар асоси эҳтироми мутақобила ва манфиатҳои муштарак мусоидат менамояд.

Инчунин дар асоси Созишнома баргузории форумҳо, намоишгоҳҳо ва дигар тадбирҳои муштарак бо ҷалби сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ пешбинӣ шудааст.

Ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки ҳамкории дуҷонибаро дар самтҳои мубодилаи таҷриба, омода намудани кадрҳо, менеҷменти инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди инноватсияҳои нақлиётӣ густариш хоҳанд дод.

Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар сохторҳои марбута ҳамчун унсури муҳими татбиқи самараноки Созишнома арзёбӣ мегардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июль 9, 2025 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ