Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 05.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе баргузории барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» дар назар дошта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ин мақсад ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҷумҳурии мо ташриф меорад.
Дар доираи ин чорабинии фарҳангӣ, ҳамчунин мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин барномаи консертии ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Қирғизистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ баргузор хоҳад шуд.
Меҳмонон ҳамчунин Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Маҷмааи Истиқлол ва мавзеъҳои зебои дараи Варзобро тамошо хоҳанд намуд.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






