Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
ДУШАНБЕ, 06.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ, иҷрои барномаҳои дар ин самт қабулгардида, дастуру супоришҳои қаблӣ дар самти зиёд кардани оилаҳои занбӯри асал ва содироти ин маҳсулот тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Чунин дастуру супориш доданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки 17 майи соли равон дар ноҳияи Данғара баргузор шуд.
Дар семинар-машварати ҷумҳуриявӣ Вазорати кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Корхонаи воҳиди давлатии занбӯриасалпарварии «Асали Тоҷикистон», Агентии содирот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баҳри иҷрои ин дастуру супориш муваззаф гардиданд.
Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ корҳои зиёди назаррас анҷом дода шуданд. Дар ин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» ва дар асоси он якчанд қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардиданд, ки фаъолияти соҳаро ба танзим дароварда, ба ҳалли саривақтии масъалаҳои мавҷудаи он мусоидат менамоянд. Ҳамзамон бо ин, чор барномаи давлатии рушди соҳа қабул гардид, ки ба пешрафти занбӯриасалпарварӣ дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат такони ҷиддӣ бахшид.
Ёдовар мешавем, ки 20 июни соли 2023 зимни суханронӣ дар семинар-машварати занбӯриасалпарварӣ дар ноҳияи Ховалинг Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки бо дарназардошти шароиту имконияти Тоҷикистон ин нишондиҳандаҳо қонеъкунанда нестанд.
Вобаста ба ин, Вазорати кишоварзӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки иҷрои саривақтӣ ва пурраи чорабиниҳои барномаи соҳавии қабулгардида барои солҳои 2023 – 2027-ро таъмин намуда, бо дарназардошти имкониятҳои фаровони рушди соҳа ҷиҳати ба таври назаррас афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли асал тадбирҳои иловагиро амалӣ намояд.
Ҳамчунин, ба Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки барои ҷудо намудани қитъаи замин ҷиҳати ташкили хоҷагиҳои зотпарварӣ ва ноҳиябандии навъҳои занбӯри асал чораҳои амалӣ андешанд.
Сарвари давлат дар ин семинар — машварат таъкид намуданд, ки заминаи мусоиди фароҳамоварда имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон миқдори оилаҳои занбӯри асал ба 600 ҳазор ва истеҳсоли асал то 14 ҳазор тонна дар як сол расонида шавад.
Президенти мамлакат хотиррасон намуданд, ки имконияти истифоданашуда ҳанӯз ҳам бисёранд ва дастур доданд, ки рушди соҳа бо тамоми ҷидду ҷаҳд идома дода шавад ва солона то 14 ҳазор тонна асал ҷамъоварӣ шавад: «Ҳамчунин маҳсулоти дигари соҳа, аз ҷумла мум, гарди гул, шири модарзанбӯр, ширеш ва заҳри занбӯр, ки дар саноати дорусозӣ ва тибби муосир васеъ истифода мегардад, истеҳсол ва маҳсулоти соҳа ба хориҷи мамлакат содирот шавад».
Мавриди тазаккур аст, ки асали Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои зиёди байналмилалӣ бо назардошти сифати баланд, таъми хуш ва аз лиҳози экологӣ тоза буданаш сазовори ҷоизаҳо гардидааст.
Асали Тоҷикистон соли 2014 дар Конгресси чоруми байналмилалӣ оид ба занбӯриасалпарварӣ ва намоиши асали кӯҳӣ дар Туркия соҳиби ҷоизаи биринҷӣ, соли 2015 дар намоишгоҳи «Продэкспо – 2015»-и Федератсияи Русия соҳиби медали тилло, соли 2018 дар Иди байналмилалии занбӯриасалпарварон дар шаҳри Истанбули Туркия (намунаи асали ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, Сангвор ва Шаҳристон) соҳиби ҷоизаи ифтихорӣ ва соли 2019 дар намоишгоҳи байналмилалии «Асал ва маҳсулоти он» дар шаҳри Давҳаи Қатар (асали Ховалинг) соҳиби ҷоизаи ифтихорӣ гардидааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ПОМИРИНВЕСТ-2026». Дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ 57 тафоҳумнома ба маблағи беш аз 6,5 миллиард сомонӣ ба имзо расид
Дар «Помиринвест-2026» иқтидори истеҳсолию саноатии Бадахшон муаррифӣ гардид
Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» чор ҳавопаймои Airbus A320neo дастрас менамояд
Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории техникӣ оид ба татбиқи Стратегияи рушди соҳаи алоқа доир шуд
«Стратегияи идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва «Маркази минтақавии идоракунии партовҳо дар шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Дар шаш моҳ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 5 миллиард доллар молу маҳсулот ворид гардидааст
Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Тоҷикистон 114,3 фоиз иҷро гардидааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкорӣ ва рушди тиҷорати электронии Роҳи абрешим иштирок намуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо шаҳри Чонгчини Чин густариш медиҳад
Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ оид ба танзими нархи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ ҷаласаи Ситоди доимӣ доир шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамоиши техникӣ баргузор гардид
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони GGGI рушди маблағгузории устуворро баррасӣ намуданд






