Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд

Июль 20, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 20.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо бо ибтикори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои фамондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, гурӯҳҳои корӣ бо сокинон, хусусан кӯдакону наврасон ва калонсолоне, ки дар соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, обанборҳо ба оббозӣ машғул мешаванд, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Инчунин мутахассисони соҳа ба онҳо риояи қоидаҳои бехатарӣ дар об, расонидани ёрии аввал ва истифодаи воситаҳои наҷотро меомӯзонанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бештари ҳолатҳои ғарқшавӣ аз сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ, шиноварии кӯдакону наврасон дар ҷойҳои мамнуъ ва бе назорат мондани кӯдакон аз ҷониби калонсолон рух медиҳанд.

Дар панҷ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 57 ҳолати ғарқшавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 7 ҳолат зиёд мебошад. Дар мавсими имсолаи оббозӣ кормандони кумита 16 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд.

Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки ҳангоми оббозӣ қоидаҳои бехатариро риоя намуда, танҳо дар ҷойҳои муайяншуда ба шиноварӣ машғул шаванд.

Ҳамчунин Кумита волидонро огоҳ менамояд, ки фарзандони худро ҳангоми ҳузур доштан дар лаби дарёву кӯлҳо беназорат нагузоранд.

Дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ ба сокинон риояи қоидаҳои бехатарӣ ва расонидани кумаки аввалин ба ғарқшудагон омӯзонида мешавад. Аз ҷумла, ба онҳо тарзи дуруст аз об берун овардани шахси ғарқшуда, санҷиши аломатҳои ҳаётӣ (нафаскашӣ ва набз), дар ҳолати набудани нафас ва набз – фавран оғоз намудани нафаси сунъӣ ва масҳи дил, даъвати ёрии таъҷилӣ ва таъмини шароити бехатар то расидани мутахассисон омӯзонида мешавад.

Мутахассисони соҳа тавсия медиҳанд, ки бори аввал бояд дар ҳавои офтобии бешамол дар ҳолати ҳарорати ҳаво 20-23 дараҷа гарм ва ҳарорати об 17-19 дараҷа гарм будан оббозӣ намудан мумкин аст;

— Оббозӣ дар ҳолати мастӣ ва нӯшидани машруботи спиртӣ иҷозат дода намешавад, зеро метавонад боиси ҳалокати одамон гардад;

— Пеш аз оббозӣ ҳатман бояд истироҳат кард;

— Оббози хасташуда бояд дар хотир дошта бошад, ки ҳолати мувофиқ барои истироҳат дар дохили об ҳолати «хобидан ба пушт» мебошад.

— Дар ҳоли ғазаб ва асабоният набояд нияти оббозӣ кард;

— Аз ҷойҳои нишонгузоришуда дур рафтан тавсия дода намешавад;

— Ба об оҳиста дохил шуда, дар ҳолате, ки об то миён расад, истода, зуд ғӯта задан лозим аст. Агар шахс ба қувваи худ боварӣ надошта бошад, бояд танҳо оббозӣ накунад;

— Дар дарёчаҳо, кӯлҳо ва маконҳои ношинос ба об паридан ниҳоят хатарнок аст, зеро хавфи бархӯрди сар ба сангҳо ва дигар ашёи қаъри об вуҷуд дорад, ки боиси шикастани гардан ва аз ҳушравӣ ё фавт шуда метавонад;

— Ба қаиқҳо наздик шудан мумкин нест;

— Ҳангоми бозӣ дар дохили об аз даст ва ё пои ҳамдигар доштан тавсия дода намешавад;

— Аз ҳудуди барои оббозӣ муқарраршуда берун баромадан низ мумкин нест;

— Ба шахсони малакаи шиноварӣ надошта танҳо дар ҷойҳои махсус муқарраршуда ва ҷиҳозонида оббозӣ кардан иҷозат дода мешавад;

Ҳамзамон ба иттилои Кумита, дар лагерҳои тобистонаи мактабӣ бояд макони барои оббозӣ муқарраршуда барои омӯзонидани бачаҳои то 9-сола набояд аз аз 0,7 метр ва барои синни 9-11 на зиёда аз 1,2 метр чуқурӣ дошта бошад.

Дар ҷойҳои оббозӣ бояд дар чуқурии 1,2-1,3 метр ченчӯбҳо гузошта шаванд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода ва ҳар гуна садама дар маконҳои оббозӣ шаҳрвандон метавонанд ба навбатдори фаврии Кумита бо телефонҳои 112, 223-13-11 муроҷиат намоянд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 20, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд