Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид

Июль 4, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 04.07.2025. АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷопон машварати ифтитоҳии лоиҳаи минтақавии «Тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баргузор  шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Машварат ҳамчун як платформаи муҳими стратегӣ барои муаррифии ҳадафҳо ва равиши татбиқи лоиҳаи минтақавӣ ба ҷонибҳои асосии манфиатдор дар шаҳри Душанбе хизмат мекунад.

Иштирокчиён раванди таҳияи барномаи нави рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанберо баррасӣ намуданд. Дар он ба ҳамгироии ҷанбаҳои марбут ба иқлим ва хатари офатҳо дар тарҳрезии шаҳр аҳамияти махсус дода шуд.

Ин чорабинӣ инчунин имконият фароҳам меорад, ки байни мақомотҳои шаҳрӣ, мутахассисони техникӣ ва шарикони рушд муколамаи созанда амалӣ шавад. Дар рафти муҳокимаҳо ва муаррифиҳои техникӣ, иштирокчиён роҳҳои амалиро ҷиҳати таъмини устуворӣ ва амнияти рушди шаҳрӣ таҳлил намуданд.

Ҳамчунин, аҳамияти ҳамкории бисёрҷониба ва шарикӣ дар сатҳи минтақавӣ барои мубодилаи таҷриба ва пешбурди чораҳои ҳамоҳангшудаи устувории шаҳрҳо таъкид карда шуд.

Қисматҳои калидии машварат муаррифии афзалиятҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Душанбе, шарҳи лоиҳаи минтақавӣ ва кӯмак ба шаҳрҳои мақсаднок, инчунин муҳокимаи моделҳои ҳамкории муассир барои рушди устувори шаҳриро дар бар гирифт. Дар ҷаласаи гурӯҳи кории махсус, нақшаи амал ва методологияи ҳамгироии коҳиши хатарҳои офат ва иқлим (СОКВ) ба барномаи нави рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе муҳокима гардид .

Дар анҷоми машварат, иштирокчиён харитаи амалҳо, барои ҳамгироии коҳиши хатарҳои офат ва иқлим дар раванди барномарезии шаҳрии Душанбе тасдиқ намуда, механизмҳои ҳамкориро байни сохторҳои шаҳрдорӣ ва гурӯҳи лоиҳа таъсис дода, замина барои мубодилаи дониш дар минтақаи Осиёи Марказӣ фароҳам оваранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 4, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад