Бонки миллии Тоҷикистон ба «Ҳумо Бонк» барои анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дод
ДУШАНБЕ, 31.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бинобар табдилёбӣ ба бонк ба ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҳумо Бонк» барои фаъолияти бонкӣ ҷиҳати анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ин тасмим дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи ташкилоти маблағгузории хурд», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, ки иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ташкилоти амонатии қарзии хурдии «Ҳумо», ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон 11 майи соли 2017 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста мешавад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд






