Бонки Осиёии рушд барои дастгирии занони деҳот дар вилояти Хатлон лоиҳаҳо амалӣ менамояд

Июль 8, 2025 13:55

ДУШАНБЕ, 08.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон барои дастгирии занони деҳот аз ҷониби Бонки Осиёии рушд ду лоиҳа — «Идоракунии рақамии соҳаи кишоварзӣ барои таҳкими амнияти озуқаворӣ», «Таъмини воситаҳои устувори зист ва тавонмандсозии занони деҳот» амалӣ карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ  «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон  иттилоъ доданд.

Зимни вохӯрии намояндагони вилояти Хатлон бо Бонки Осиёии рушд иброз гардид, ки лоиҳаҳо ба тақвият бахшидани заминаи рушд барои соҳаи кишоварзии ба тағйирёбиҳои иқлим тобовар равона шудаанд. Инчунин ба рушди корхонаҳои хусусии хеле хурд ва миёна дар деҳот ва таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат менамоянд.

Дар доираи татбиқи лоиҳаҳо чорабиниҳое пешбинӣ гардидаанд, ки ба рушди инфрасохтор, таъсиси марказҳои агрологистикӣ ва бунёди занҷирҳои арзиши иловашуда дар бахши боғдорӣ равона шудааст. Инчунин он рақобатпазирии бозори маҳсулоти кишоварзиро боло бурда, дастрасии деҳқонон ба бозорҳоро беҳтар гардонида,  талафоту исрофи маҳсулоти озуқавориро коҳиш медиҳад.

Бо дарназардошти нақши муассири занон дар иқтисоди деҳот, лоиҳа таваҷҷуҳи хосро ба тавонмандсозии занони деҳот зоҳир менамояд. Занони фаъол ҳамчун соҳибкор, кишоварз ва роҳбари хоҷагиҳои хурду миёна дар маркази дастгирӣ қарор мегиранд, ки ин амал ба беҳсозии сатҳи зиндагӣ, истиқлолияти иқтисодӣ ва густариши иштироки онҳо дар ҳаёти иҷтимоиву истеҳсолӣ мусоидат хоҳад кард.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Июль 8, 2025 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид