«Centrum Air» парвозҳои мустақимро дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд ва Самарқанд-Душанбе-Самарқанд оғоз менамояд

Июль 9, 2025 12:40

ДУШАНБЕ,09.07.2025/АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Centrum Air»-и Узбекистон парвозҳои мустақимро дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд ва Самарқанд-Душанбе-Самарқанд оғоз менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон иттилоъ медиҳад.

Парвозҳои мустақим дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд 19 июли соли 2025 ва дар самти Самарқанд-Душанбе-Самарқанд аз 20 июли соли 2025 бо зичии ду парвозӣ дар як ҳафта дар ҳар як хатсайр шуруъ мегардад.

Гуфта мешавад, ки парвозҳо дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд ва Самарқанд-Душанбе-Самарқанд аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Centrum Air»-и Узбекистон дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба алоқаи ҳавоӣ, ки 9 марти соли 2018 ба имзо расонида шудааст, ба роҳ монда мешавад.

Ба роҳ мондани парвозҳои мустақим дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд ва Самарқанд-Душанбе-Самарқанд аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Centrum Air»-и Узбекистон дар ҳолест, ки 16 июни соли 2025 байни шаҳрҳои Душанбе ва Пекин парвозҳои мустақим аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «China Southern Airlines» амалӣ гардид.

Хатсайри мазкур бо ибтикори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади густариши ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти авиатсияи гражданӣ ифтитоҳ шуд.

Инчунин дар доираи ҳамкории авиатсисонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 1 июли соли 2025 ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Мардумии Чин «Chengdu Airlines» парвозҳои мусофиркашонии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд –Қошғар оғоз намуд. Парвозҳо дар масири Қошғар-Хуҷанд -Қошғар дар як ҳафта як маротиба анҷом дода мешавад. Ин тасмим бо мақсади васеъ намудани ҷуғрофиёи парвозҳо, рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон андешида шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки тавсеаи парвозҳо байни Тоҷикистон ва Чин яке аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи авиатсияи гражданӣ маҳсуб ёфта, дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон моҳи июли соли 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Дар ин замина, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Агентии авиатсияи гражданӣ ҷиҳати афзун намудани теъдоди парвозҳо ва кушодани хатсайрҳои нав байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Чин супоришҳои мушаххас дода буданд.

Бо мақсади иҷрои ин дастуру супоришҳо моҳи марти соли 2025 ҳайати Маъмурияти авиатсияи граждании Чин ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар ҷараёни ин сафар мулоқоти судманд байни Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода ва муовини якуми Директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Бинг, инчунин бо роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «China Southern Airlines» баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки солҳои охир дар партави сиёсати дарҳои боз ва дастгириҳои доимии Роҳбарияти олии мамлакат шумораи хатсайрҳои байналмилалӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ мунтазам афзоиш меёбад. Дар ин замина, хатсайрҳои нав байни Душанбе ва шаҳрҳои Истанбул, Дубай, Москва, Алмато, Тошканд, Деҳлӣ ва Теҳрон фаъол гардидаанд, ки дар муаррифии иқтидори транзитии мамлакат ва тақвияти робитаҳои иқтисодиву фарҳангӣ нақши муҳим доранд.

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки дар оянда низ бо мақсади тақвияти рақобатпазирии соҳа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои мусофирон, ҳамкорӣ бо ширкатҳои ҳавопаймоии бонуфузи ҷаҳон идома хоҳад ёфт ва шумораи парвозҳои байналмилалӣ пайваста зиёд мегардад.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 9, 2025 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем